Субҳи имрӯз, 13.04.2021 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи тоҷик” ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он сарпарасти тозаинтихоби ташкилот аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Назаров Шаҳбоз ва аъзои ин ниҳод иштирок намуданд.
Бо истифода аз фурсат, сарпарасти тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи тоҷик” Назаров Шаҳбоз бо аъзои ташкилот шинос шуда, ба тамоми иштирокчиён изҳори минатдории хешро ҷињати дастгирӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи њукумати кишвар, баён намуд.
Дар охир вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи тоҷик” сухан рафта, фаъолияти минбаъдаи он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.






