Close

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” санаи 23 июни соли 2022 мутобиқи боби 4, банди 3 – и Оинномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии “Роҳи тоҷик” – и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ташкил ва баргузор намуд. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва кормандони корхона, инчунин Роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ – Ҳамидҷон Илҳомҷон, мудири шуъбаи умумии КИҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Давлатзода Ҳангома Рустам ва  сармутахассиси шуъбаи молияи КИҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Назаров Шаҳбоз иштирок намуданд. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби директори корхона Мумин Лашкар шунида шуд. Бо мақсади иштирок намудан дар Конфиренсияи ХХХХII вакил ва раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳи тоҷик”, инчунин муовини раис дар шакли овоздиҳӣ интихоб гардиданд.

Дар фарҷоми суханронии намояндагон ба якчанд нафар кормандоне, ки ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аъзо шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ дар шакли тантанавӣ тақдим карда шуд.

Намояндагони КИҲХДТ аз раванди ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дидан намуда, аз рафти коргузории ҳизбӣ дар корхона изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.

КВД “МСКХСН”

IMG_3062-1-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3073-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3076-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3078-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3081-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3090-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3093-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3097-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3101-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3112-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

IMG_3113-300x200 МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲИ ТОҶИК”

scroll to top