Close

Баргузории омӯзиши нуқтаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

1708956696223-1024x683 Баргузории омӯзиши нуқтаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Санаи 22 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунони кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандони корхона омузиши нуқтаҳо аз  паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

1708956696215-1024x683 Баргузории омӯзиши нуқтаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Маҷлис бо суханронии муовини директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” – Ахунов Ҷ.М. оғоз гардида, оиди масъалаҳои дахлдор ба соҳаи роҳу-нақлиёти мамлакат, ки дар паёми солонаи Пешвои миллат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ гардидаанд  суханрони намуданд.

1708956696205-1024x683 Баргузории омӯзиши нуқтаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Сипас сардори Шӯъбаи кадрҳо Валиев Ф.Ҷ. оиди нуқтаҳои асоси паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки Паём ин муйянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлатро собит месозад. Агар истиқлолият мақаддастарину азизтарин дастовард, неъмати бебаҳо ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Президенти ҷумҳурӣ низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистон тавонист асосҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии худро, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд, нигоҳ дошта, сатҳи некуаҳволии халқ рӯз аз рӯз беҳтар шавад.

1708956696205-1024x683 Баргузории омӯзиши нуқтаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Дар ҷараёни  маҷлис  сардори  шӯъбаи  ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнат Ғайбуллоев З.Н.  қайд  намуданд,  ки бо мақсади иҷрои дасту супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023, таҳти  №663  ба имзо расид. Мақсад аз ба тавсиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани  сатҳи  маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани қонун, тарбияи шаҳрвандон  дар  руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

1708956696197-1024x683 Баргузории омӯзиши нуқтаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Сипас Сармуҳандиси корхона Саидов Д.А. дар бораи самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан соҳаи нақлиёти кишвар баромад намуда, фаъолияти соҳаи нақлиётро дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат  муҳим арзёби намуданд.Вобаста ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 бармеояд, корхона Консепсияи роҳҳои ҷорӣ намудани механизми назоратӣ рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазнро таҳлил ва омода намуда, таъмини иҷрои онро дар назди роҳбарони филиалҳо, раёсат ва шуъбаҳо вазифагузорӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми маҷлис муовини директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” – Ахунов Ҷ.М. ба ҳозирин бори дигар таъкид намуданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, камари ҳиммат банданд ва бо як масъулияти баланд фаъолияти худро ба роҳ монанд.+1708956696232-1024x683 Баргузории омӯзиши нуқтаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

scroll to top