23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” табрику таҳният мегӯяд.
Аз таъсиси Артиши миллӣ 31 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобарин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.
Фарорасии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба сарбозон ва ҳар як шаҳрванди кишвари маҳбубамон дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорем.
Иди Артиши миллӣ, иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои Ватан мебошад. Яқин аст, ки ҳар яки Шумо ватандӯстони аслӣ ҳастед ва дар ободиву дифои Ватани азизамон ҳиссаи бузург доред.
Рӯзи далерони ҳақиқие, ки мақоми волои шуҷоатмандиро дарк кардаанд табрик мегӯем!
Бо камоли эҳтиром,
КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”.




