Close

Вазири нақлиёт бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мулоқот намуд

9ozeTQFVpC4RJ9Xecmn2qFdStoYTJL2pVU3SXJzq Вазири нақлиёт бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мулоқот намуд

Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар  маҷлисгоҳи вазорат бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ доир намуд. Дар он муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ   Сураҷ Чоршанбезода низ иштирок кард.

Вазири нақлиёт зимни мулоқот зикр намуд, ки ҷавонони тоҷик бояд дар тамоми соҳаҳо пешқадам, ҳушманд ва аз таъриху фарҳанги миллати худ огоҳ бошанд, арзишҳои милли худро шиносанд, ба онҳо арҷ гузоранд, ба ҷуз аз забони модарии худ камаш ду забони хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисиро аз худ кунанд. Онҳо бояд донишҳои сиёсии худро пайваста ғанӣ гардонанд, мустаҳкам созанд, то ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, дар раванди бесобиқаи ҷаҳонишавӣ ва талошу бархӯрди кишварҳои абарқудрат манфиатҳои давлат ва миллати худро собитқадамона ҳимоя карда тавонанд.

gb5xUWuxGzb04YtNzq5Yq38Ofh6ZTK2bmEZCqeMW Вазири нақлиёт бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мулоқот намуд

Азим Иброҳим аз он ёдовар шуд, ки 23 майи соли 2021, дар Рӯзи ҷавонон,  Ҷаноби Олӣ бо намояндагони фаъоли ҷавонон мулоқот намуда, иброз дошта буданд, ки зиёда аз 70% аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуданд, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

5bWGlg2JGtbUVlymZdYcNgz1csU1SwWhlGucqfJb-1024x768 Вазири нақлиёт бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мулоқот намуд

«Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳал карда шудаанд, – иброз дошт Вазири нақлиёт. – Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул кард. Ин бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад».

Азим Иброҳим таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-ро низ яке аз беҳтарин ташаббусҳо дар роҳи амалӣ сохтани сиёсати давлатии ҷавонон номид.

Вазири нақлиёт бо мисолҳои фаровон ба ширкаткунандагони мулоқот фаҳмонд, ки барои чӣ  пайравӣ, омӯзиш, тарғибу тарвиҷ  ва талқини мактаби мардонагӣ, далерию шуҷоат, сулҳофарӣ ва хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим аст.

Иштирокчиёни мулоқот бо истифода аз фурсат ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки ҳамзамон академики Академияи байналмилалии захираҳои минералӣ, номзади илмҳои техникӣ ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад, саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

wUHeBt9APSWJY2rcFM5tqgTjICCmCrg6dBFrrWCl Вазири нақлиёт бо фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мулоқот намуд

scroll to top