Кормандони КВД «МСКХСН» дар Рӯзи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, ки 17 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари ҷумҳурӣ доир мегардад. Ҳадафи асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши оммавӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ мебошад.
Иштироки фаъолонаи кормандони КВД «МСКХСН» дар ин чорабинии умумимиллӣ нишонаи дастгирии ташаббусҳои созанда дар самти оммавигардонии варзиш ва ҳаёти солим мебошад.