Close

Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти 3 – моҳаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

20240404142712_IMG_5744-1024x683 Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти 3 - моҳаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Санаи 04 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кории корхона дар 3 моҳаи аввали соли 2024 ва нақшаю вазифаҳои минбаъда барои 3- моҳаи 2 соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ Муовини сардори Хадамот, сардори шуъбаи кадрҳо, сармуҳосиби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони Филиалҳои зерсохторҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” иштирок намуданд. Қайд гардид, ки аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, саъю кӯшиш менамоянд, ки нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи истеҳсолӣ ва молиявию иқтисодиро пурра ба иҷро расонида, сатҳу сифати хизматрасониҳоро ба аҳолӣ мамлакат бозҳам беҳтару хубтар намоянд. Дар ҷараёни корӣ маҷлис аз ҷониби муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт натиҷаҳои фаъолияти кории Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”-ро мусбӣ арзёби намуда барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани хизматрасониҳои соҳаи роҳу нақлиёт, ба кормандон дастуру пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
20240404141458_IMG_5740-300x200 Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти 3 - моҳаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

5233669374370503419_121-300x200 Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти 3 - моҳаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

20240404144335_IMG_5752-300x200 Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти 3 - моҳаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

20240404150048_IMG_5766-300x200 Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти 3 - моҳаи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

scroll to top