Ҳолатҳои коррупсионӣ амалҳое ҳаст, ки манфиати худро боло донистан аз манфиати давлату ҳукумат. Ҳоло он, ки шароити кунунии ҷомеаи мо барои фаъолияти самарабахш ва таъмини зиндагии шоиста пурра муҳайё гардидааст. Бо назардошти ҳамаи ин ба назар расидани ҳолатҳои коррупсионӣ воқеан ҳам мавриди ташвишовар аст. Бо мақсади паст намудани шиддати ин амали номатлуб бо ибтикор ва даъвати роҳбарияти КВД “МСКХСН” санаи 7 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндаи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон – подполковники адлия Розиқзода Алихон миёни кормандони корхона маҷлиси васеъ гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Агентӣ баромад намуда, тавсияҳои муҳими пешгирӣ барои бартараф намудани ин омили номатлуб аз мафкураи ҷомеа, ба коррупсия “НЕ” гуфтан ва пурра аз байн бурдани ин ҳолат миёни ҷамъомадагон суханронӣ намуд.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти КВД “МСКХСН” бо агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои он дар вилоятҳо доимо дар ҳамкорӣ буда, барои паст намудани шиддати ин ҳолат ҳамаҷониба талош меварзанд. Дар корхона масъулин таъин гардида, назорати доимии дастгоҳи марказӣ, филиалҳо ва нуқтаҳои баркашии филиалҳо ба зиммаи онҳо вогузор шудааст, ки ин ҳам як ҷанбаи ҳолатҳои пешгирии амалҳои зидди коррупсионӣ мебошад.
Корхонаи воҳиди давлатии ” Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” барои сар назадани ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхона тамоми чораҳои заруриро андешида, кормандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ба як фарди содиқи ҷомеа будан ҳидоят менамояд.
КВД “МСКХСН”






