Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид ва тибқи қонун забони тоҷикӣ (форсӣ) дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Мардуми Тоҷикистон бо шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, бо ташаббуси Зафар Нозим “Бунёди забон” таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил карда шуд.
Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ва нисбатан ором гаштани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, соли 1994 Қарори Шӯрои Олӣ “Дар бораи ҷашн гирифтани Рўзи забон” ба имзо расид .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007—2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
5 – уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард.
Гиромидошти “Рӯзи забони давлатӣ” ба кулли соҳибзабонони тоҷик, ба ҳар нафаре, ки тоҷикӣ ҳарф мезанд, ба ҳар фарде, ки мақоми тоҷикӣ дорад ва ба ҳар шахсияте, ки аслу насабаш тоҷикӣ аст, муборак ва фархунда бошад!
Садори Шуъбаи кадрҳои КВД “МСКХСН” АБДУЛОЕВ М.А.





