Close

ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ

Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷиҳати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тамоми чораҳои заруриро андешида, шуруъ аз соли 2020 ин равандро дар нуқтаҳои баркашӣ ба роҳ мондааст. Дар ин давом дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Ориёнбонк” бо дастрас намудани 14 адад POS терминал, дар ҳамкорӣ ТАҚХ “Пайванд гуруҳ” 10 адад терминали худкор, дар ҳамкорӣ бо ТАҚХ “Ҳумо” 33 адад POS терминал, дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Алиф Бонк” 23 адад QR – рамз барои пардохтҳои ғайринақдӣ барои хизматрасонӣ дар нуқтаҳои баркашӣ васлу насб карда шудааст, ки натиҷаҳо дар ин самт хело назаррасанд. Дар корхона шуруъ аз моҳи июли соли ҷорӣ амалиётҳои нақдӣ пурра қатъ гардида, низоми пардохти ғайринақдии комил ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, бо дар назардошти сатҳи баланди хизматрасонӣ ва бо сабаби имкониятҳои васеъ доштани ҶСК “Алиф Бонк” тамоми кормандони корхона бо кортҳои пластикӣ барои дарёфти музди маоши моҳона таъмин гардиданд.

IMG_4892-300x200 ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ

IMG_4895-scaled-e1692095413736-300x187 ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ

IMG_4899-300x200 ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ

IMG_4900-300x200 ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ

scroll to top