Close

ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ

Ободонӣ ва бунёдкории ҳар як гӯшаи Ватан, сабзу хуррам гардонидани як порча замин, бунёди як иншооти нав, обёрӣ намудани як мазраъ, обод намудани як мавзеъ яке аз хислат ва фазилатҳои хубӣ инсонист, ки ҳамеша қобили таҳсин аст. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизаматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷиҳати марҳила ба марҳила ба тартиб даровардани нуқтаҳои баркашӣ дар РБ 04 56 км шаҳри Норак дар раванди корҳои сохтмонӣ нуқтаи баркашии мазкурро бо хона – вагони замонавии муосир ва мизу курсӣ таъмин намуда,  дар 200 м ҳамшафти роҳ баъди мумфарш шудан, барои ҷудо намудан деворакҳои ҳимоявии бетонӣ гузошта шудааст. Чароғонкунии нуқтаи баркашӣ, POS – терминал ҷиҳати пардохтҳои ғайринақдӣ, насби банерҳои дахлдор, ташноб барои истифодаи умум ва шароити хуби корӣ барои кормандон фароҳам оварда шудааст. Роҳбарият ва масъулини нуқтаҳои баркашӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати баркаши намудани воситаҳои нақлиёти боркаш тамоми чораҳои заруриро андешида, шароитҳоро барои пешбурди кор фаъолият дучанд месозанд.

КВД “МСКХСН”

IMG-20220827-WA0041-169x300 ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ IMG-20220827-WA0039-169x300 ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ IMG-20220826-WA0020-169x300 ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ

IMG-20220826-WA0023-300x169 ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ IMG-20220827-WA0035-300x169 ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ ДАР НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ

scroll to top