Close

НАҚЛИЁТЧИЁН ИД ДОРАНД…

Соҳаи нақлиёт – соҳаи пуршараф, ифтихорфизо ва қобили ташвиқ аст. Нақлиёт ва ё нақлиётчиён ҷузъи ҷудонашаванда ва соҳаи мустақили хоҷагии оммаи халқ мебошад. Имрӯз ин соҳа яке аз соҳаҳои муҳим буда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар роҳ ба воситаи нақлиёт алоқалошта мусоидат мекунад.    Дар доираи таҷлили ҷашнҳо санаи 25 июл ҳамчун “Рӯзи нақлиётчиён” қайд карда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҳамчун як ҷузъи мустақили Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии нақлиётчиёнро ба тамоми кормандон ва дар симои онҳо ба тамоми нақлиётчиёни ҷумҳурӣ фархундаву шодбош гуфта, барояшон осмони орӣ аз ғубор, роҳи бехатар, сафари нек, ҷодаи ҳамвор ва масири ба дилҳо наздикро таманно дорад. Таҷлил намудани иди касбии нақлиётчиён ин як нишонаи қадр намудани кормандони содиқи ин соҳа мебошад, ки аз ҷониби давлату ҳукумат ба инобат гирифта шудааст. Бигзор ин соҳае, ки  воқеан ҳам мушкил аст, аммо касро соҳибэҳтиром, обрӯманд ва арҷманду азиз мегардонад, то абадҳо пойдор бимонад.

Иди касбии нақлиётчиён мубораку фархурда бошад!

 

 

КВД “МСКХСН”IMG-20220725-WA0005-300x158 НАҚЛИЁТЧИЁН ИД ДОРАНД...

scroll to top