Close

ПАЁМ – РОҲНАМО

    Санаи 9 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори роҳбарияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўи “Паём-Роҳнамо” вохӯри доир гардид.    Л. Қ. Мумин директори корхона, З. Ғайбуллоев, корманди шуъбаи ҳуқуқ ва М. Сониев, мутахассиси шуъбаи кадрҳо доир ба паҳлуҳо ва бандҳои Паёми Пешвои миллат маърӯза намуданд.    Аз ҷумла қайд гардид, ки дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон бисёр мураккаб гардидааст, иҷро ва амалӣ намудани дастурҳову тадбирҳое, ки дар Паём ироа гардиданд, бениҳоят муҳим арзёбӣ мешаванд. Таъкид гардид, ки моро зарур аст, бо шинохти масъулият беҳтару бештар заҳмат бикашем. Барои ин Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин раҳнамо ҳисоб меёбад.    
scroll to top