Бо мақсади пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди сирояти коронавирус дар ҳамаи истгоҳҳои баркаши ва хонавагонҳо чораҳои зарури дида мешавад. Санаи 04 апрели соли 2020 тибқи санад намояндаи ҶДММ “ФАВЗ” дар ҳаҷми 50 литр маҳлули безараргардонии «Гиппохлориди калсий»-ро барои истифодабарӣ дар филиалҳо ва хонавагонҳои истгоҳҳои баркашии Корхонаи воҳиди давлатии “ Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” таёр намуд. Барои ҳар як филиал ва истгоҳҳои баркашӣ таҷҳизотҳои дорӯпоши харидори кардашуд. Ин дорупошакҳо бо маҳлулҳои тайёр кардашуда барои истифодабарӣ ба филиалҳо ва хонавагонҳои истгоҳҳои баркашии корхона фиристода шуд. Филиал ва истгоҳҳои баркаши аз таҷҳизотҳои дорупошӣ фаъолона истифода бурда хонавагонҳо, истгоҳҳои баркаши ва гирду атрофи онҳоро бо маҳлулҳои таёр кардашуда безарар мегардонанд.