Дар санаи 18 марти соли 2026 дар бинои дастгоҳи маразии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар тамоми ҷумҳурӣ Наврӯзи байналмилалии фархундапай ва оламафрӯзро пешвоз мегиранд. Боиси хушнудист, ки имрӯз ин ҷашни бостонии анъанавии халқи тоҷик аз ҷониби бисёриҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ ва бо гармии махсус ҷашн гирифта мешавад.
Дар доираи ҷашнвора дар Вазорати нақлиёт намоишгоҳи дастовардҳои наврӯзӣ доир шуд, ки дар он дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи вазорат, аз ҷумла КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”, хони ҳафтсин ва ҳафтшин, ҳунарҳои мардумӣ ва ғизоҳои миллиро ба маъраз гузоштанд.
Бо мақсади эҳёи суннатҳои ниёгон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, миёни кормандон мусобиқаҳои Байтбарак ва Шоҳномахонӣ, Вазнбардорӣ ва Бандкашӣ, ва озмуни «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуданд.
КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар ин сабқатҳо маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд:




