
Сарнозири Раёсати муқовимати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон капитани адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим., Муовини якуми директори КВД “МСКХСН” Рауфзода А, муовини директор Ахунов Ҷ, сармуҳандис Саидов Д, сардорони шуъбаю мудирони бахшҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва муовинони филиалҳои КВД “МСКХСН” дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Рашт, Ҳисору Бохтар ва экспертон.
Санаи 20.06.2024 сол дар толори маҷлисии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар асоси фармоиши директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” аз 22 январи соли 2024 №05 ва нақша чорабиниҳои Стратегия давлатии муқовимат ба каррупсия дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” барои соли 2024 бо мақсади пешгири намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва паст намудани шиддати ин падидаи номатлуби ҷомеъа бо фарогирии теъдоди васеи кормандон ҷаласа доир карда шуд.
Дар кори ҷаласаи мазкур намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон капитани адлия Акрамзода Ё.А., баромад намуда, пешгирии коррупсияро яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат бо коррупсия дониста, татбиқи амалии талаботи меъёрҳои моддаи 22–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” – ро низ яке аз самтҳои асосии пешгирии коррупсия арзёбӣнамуд. Зеро ки дар ин модда ҳолатҳое, ки барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда ҳамчун мамониат маҳсуб меёбанд, пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин қайд карда шуд, ки мутобиқи банди 7, қисми 1, моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуние, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоварад ва ҳамчун хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта, ҷиҳати пешгири кардани сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ бояд бартараф карда шаванд. Дар рафти суханронӣ масълаҳои ба ин монанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин Муовини якуми директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Рауфзода А, баромад намуда, метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот то андозае муваффақ ҳам шудааст. Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа аст.





