Шурӯъ аз рӯзи 21-уми ноябр рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор шудааст ва мошинҳои боркаш метавонанд бидуни он ҳудуди давлатҳои ҳамдигарро убур кунанд.
Тавре қаблан хабар дода шуд, дар натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи олӣ дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба кишвари мо сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 18 апрел дар Душанбе санади таърихӣ – Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро имзо карданд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни сафар 28 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки қариб ҳамаи самтҳои ҳамкории бисерҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 имзо карда шуд. Зери он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳкамов имзо гузоштанд.
Мувофиқи Протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд. Низоми нав баъди тасвиби (ратификатсияи)
Протокол аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад.
Мутобиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки низ дар Душанбе, дар ҷараёни нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҶТ 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни Тоҷикистону Узбекистон, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо, рухсатнома талаб карда мешуд.
Post Views: 105




