Санаи 1 – уми феврали соли 2023 бо фарогирии шумораи зиёди хабарнигорон ва намояндагони васоити ахбори омма дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастӣ матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур вазири нақлиёт Азим Иброҳим, муовиниони вазир ва сaрадорони идораву муассисаҳои тобеи Вазорат иштирок намуданд.
Тамоми суолҳои марбут ба соҳаи роҳу нақлиёт, ки аз ҷониби намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ба вазири нақлиёт пешниҳод гардид, посухи пурра ва қаноатбахш дода шуд.








