Close

Ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар соли 2024

Previous
Next

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар соли 2024

Дар санаи 20 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар соли 2024 ва вазифаҳо барои се моҳаи якуми соли 2025 баргузор баргузор гардид.

Дар маҷлис  Қурбонзода Д.Қ. –  Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Раҳимзода М.- муовини якуми сардори Хадамот, Саидзода С.С.- директори КВД “МСКХСН” , сардорони шӯъбаҳо, мудирони бахшҳо ва роҳбарони филиалҳои КВД “МСКХСН” ширкат варзиданд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ҳамчун мақоми сертификатсионӣ дар соҳаи нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар самти хизматрасонии роҳу нақлиёт фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассиси корхона-Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати нақлиётии мамлакат, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ ва иҷроиши бандҳои дахлдори қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар нуҳмоҳаи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024”,  як қатор корҳоро ба итмом расонид.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн, корхона ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо васоити ахбори омма ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, тавассути барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ рафти чорабиниҳои гузаронидашуда ва мушкилотҳои ҷойдошта намоиш дода шуданд.

Илова бар ин, дар ҳамбастагӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла сементбарорӣ, конҳои ангишт, корхонаҳои коркади сангу-шағал ва анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот дар хусуси риоя намудани меъёрҳои муқарраргардида корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзур карда шудааст.

Ҷиҳати иҷроиши супориши протоколии Вазорати нақлиёт аз ҷониби роҳбарият нақша чорабиниҳо оиди дар корхона гузаронидани семинар – дарсҳои омузишӣ бо кормандони филиалҳо дар нуқтаҳои баркашӣ тасдиқ карда шудааст. Вобаста ба ин, ки дар филиалҳои минтақавӣ семинар – дарсҳои омузишӣ аз руи ҷадвал гузаронида шуда, камбудӣ ва нуқсонҳои ҷойдошта дар самти баркашии воситаҳои нақлиёт бо тарозуҳои мобилӣ бартараф карда шуд.

Бояд қайд кард, ки айни замон, корхона 47 адад тарозуи вазнченкунӣ  дорад, ки 8 адади он тарозуи статсионарӣ, 2 адад тарозуи динамикӣ, 3 адад  системаи худкори динамикии баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳаракати камсуръат ва 34 адад тарозуи мобилӣ мебошад.

Корхона аз руи натичаи озмун, 3 адад системаи худкори динамикии баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳаракати камсуръатро дастрас намуда, дар нуқтаҳои баркашӣ минтақаи Рашт 49+5км РБ 04, Душанбе-Кулма, ш.Норак 15 км РБ 07, н. Файзобод ва минтақаи Бохтар 84,0 км РБ 09, Қизил- Қалъаи н. Хуросон насбу васл намуда, ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирӣ аз вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои роҳдорӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси супориши Протоколии ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе таҳти №2 аз 23 январи соли 2020, барои дар чор даромадгоҳи шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботҳои замони муосир ҷойгиркунии нуқтаҳои баркашӣ пешниҳод гардида буд.

Бояд қайд кард, ки барои таъмини иҷрои супориши дарҷгардида то имрӯз дар ду самти даромадгоҳи шаҳри Душанбе ҳуҷҷатгузориҳо ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин, аз ҷумла дар ноҳияи Фирдавсӣ (қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №57 аз                    1 марти соли 2023 ва маҳаллаи Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 140 аз 28 марти соли 2023 ба имзо расид.

Вобаста ба ин, тибки дастур корхона барои гирифтани сертификати истифодабарии замин дар мавзеъхои чудогардида самти н.Рудаки-Душанбе   корҳои барасмиятдарории хуччатхо идома доранд.

Дар асоси “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар корхона Нақша-чорабиниҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ таҳия карда шуда, иҷрои бандҳои он мунтазам таҳти назорати роҳбарияти корхона қарор дорад. Вобаста ба ин масъала Дастгоҳи марказии корхона ва нуқтаҳои баркашӣ аз нав бо таҷҳизотҳои банаворгирӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба шабаки интернети онлайн пайваст шуда аст. Ҷиҳати ҷиҳозонидани таҷҳизотҳои банаворгирӣ дар боқимонда нуқтаҳои баркашӣ корҳо идома доранд.

Корхона вобаста ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва иҷроиши протоколи ҷаласаҳои назоратии назди Сардори Хадамот як қатор корҳоро ба анҷом расонид.    

Пардохти ҳамагуна маблағҳои хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст. Корхона дар якҷоягӣ бо ҶСК “Алиф Бонк” шартнома оид ба Интернет – эквайринг ба имзо расонида, 23 адад QR – code – и ягона ва бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ҳамкорӣ намуда, 69 адад POS – терминали нави муосир таъмин намуда, дар нуқтаҳои баркашӣ васл намудааст.    

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди Ҳукумати электронӣ корхона аз 15 июни соли 2023 бо ҶДММ “Ребус” шартнома ба имзо расонидаст, ки он таҳияи куллии функсионалии ”Барномаи автоматикунонии сертификатсия”-ро дар бар мегирад. Барои иҷрои шартномаи мазкур мутахассисони корхона аз рӯи супориши техникӣ пурра сафарбар карда шуда, таъмини иҷроиши он зери назорати роҳбарияти корхона қарор дорад.

Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва КВД “МРСН” ба мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти ҳамоҳангсозии маълумотҳои барномаҳо миёни мутахассисони корхона ва барномасозон корҳо ба роҳ монда шуда, интегратсияи ин маълумотҳо идома дорад.

Вобаста ба пайваст намудани интернети баланд суръат дар нуқтаҳои баркашӣ, ҷиҳати ба сервери Вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт пайваст намудани тарозуҳои насбгардидаи муосир, корҳо бо КВД “МРСН” идома доранд. Дар ҳолати пайваст намудани интернети баланд суръат, маълумотҳо бо таври мустақим ба сервери Вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  интиқол дода мешавад.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти кормандони корхона, бо супориши Директори корхона дар нуқтаҳои баркашии вилояти Суғд, км 6 РБ13 Айни-Панҷакент, км 42 Спитамен-Нов ва км 0+300 уми роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Хуҷанд-Навобод, аз гардиши км 291 роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии РБ-01 Душанбе-Хуҷанд-Чанок, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, инчунин дар Филиали ш.Душанбе РБ09  км 21,9 д.Лоҳури н.Рудакӣ, дар роҳи РБ01 км 07 соҳили дарё самти Душанбе-Хуҷанд, Филиали Ҳисор нуқтаҳои баркашии Султонобод РҶ043 н.Рудакӣ ва нуқтаҳои баркашии Филиали Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон РБ 04, 278 км  Душанбе-Кулма деҳаи (Бобои Ҷамол)-и н.Дарвоз ва РБ 04, 641 км  Душанбе-Кулма н.Шуғнон (ТАНГ) хона – вагонҳои нави замонавӣ харидорӣ ва ҷойгир карда шуда, ҳамзамон утоқҳои кории кормандони дастгоҳи марказӣ ва нуқтаҳои баркашӣ ба таъмир фаро гирифта шуда бо мизу курсиҳо, кампютерҳо, лавозимоти зарурии корӣ ва камераҳои назорати пурра муҷаҳҳаз гардонида шуда шароити хубӣ корӣ фароҳам оварда шуд.

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №26/10-153 маъракаи обунашавӣ ба рӯзнома ва маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақша-супоришҳои вазорат, корхона ба дувоздаҳ номгӯй рузномаву маҷаллаҳо обуна гардидааст.

Ҷиҳати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” Нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, корхона ва филиалҳои зертобеъи он дар мавсими тирамоҳу зимистон фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои он равона гардонидааст.

Бо мақсади таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани тарғиботи васеи моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, дар филиалҳои минтақавӣ ва нуқтаҳои баркашӣ шанбегиҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳали зист, гулгашту майдонҳо ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ гузаронида шуд

scroll to top