Close

КИТОБ САРЧАШМАИ ДОНИШ АСТ

Дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои дустуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар кишварамон раванди таъсису ташкили китобхонаҳо дар ҳама муассисаву идораҳои ҷумҳурӣ босуръат идома дорад.

                                                      КИТОБ САРЧАШМАИ ДОНИШ АСТ

Дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои дустуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар кишварамон раванди таъсису ташкили китобхонаҳо дар ҳама муассисаву идораҳои ҷумҳурӣ босуръат идома дорад.

Сарвари хирадманди тоҷикон китобро дар баробари муқаддастарин арзишҳо Модар ва Ватан гузоштанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи хоса доштани Президенти кишвар ба китоб аст. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият боиси рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлолият балки дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад ва аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Таҷрибаи фарҳанги китобхонадории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешрафти рушди фикронӣ ва рушди фарҳангӣ аз китобхона ва тарзи дастрасии китоб аз он вобастааст. Аз ин рӯ, фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа василаи асосии рушди тамаддун ва шинохти мероси илмӣ- адабӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид бояд кард, ки дар замони кунунӣ ҳарчанд пешрафт ва тараққии расонаҳои интернетӣ назаррасанд ҳам, вале китобхона ва фарҳанги китобхонӣ нақши асосӣ дорад. Фаъолияти китобхонаҳо дар ҳамаи кишварҳо маҳз ба хотири рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа амал намуда, то ба имрӯз ҳеҷ яке аз расонаҳои ҷаҳонӣ натавонистааст ҷойгоҳ ва мақоми онро гирад. 

Дар ин замина, барои рушди донишу хирад ва баланд бардоштани маърифтаи китобхонӣ дар ҷомеа, дар дастгоҳи марказии КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ва филиалҳои минтақавии он китобхонаҳо фаъолият доранд, ки фонди кунунии онҳо бо адабиёти лозима ғанӣ гашта, барои дастрасӣ ба кормандони ин боргоҳ  манзур мегардад. Китобхона бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти КВД «Маркази сертификатсиякунони кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» бунёд гашта, барои мукаммалгардонии он ҳамеша чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

scroll to top