Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд.
Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд.
Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод.
Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.
Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Вакилони муҳтарам!
Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.
Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад.
Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд.
Нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Вакилони муҳтарам!
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.
Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои марбута дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст.
Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.
Аз ҷумла муқаррароти дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад.
Тибқи маълумот соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст.
Вале маблағҳои дар натиҷаи санҷишҳо ошкор ва пардохтшуда чор баробар афзоиш ёфтаанд.
Танҳо дар 11 моҳи соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.
Чунин ҳолат гувоҳи риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Пешниҳод менамоям, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар мақомоти марбута дар муҳлати як моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо зикри маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дар муҳлати се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия намояд.
Масъалаи истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав низ таҷдиди назарро талаб менамояд.
Ҳоло имтиёзи зикршуда на аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона, балки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он ҷорӣ мегардад.
Дар чунин ҳолат қисми зиёди муҳлати имтиёзӣ ба давраи бунёд ва таҷҳизонидани корхонаи нав, яъне то ба даст овардани фоида рост меояд ва соҳибкорону сармоягузорон аз ин имтиёз пурра бархурдор намешаванд.
Аз ин рӯ, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки оид ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии навро ба роҳ мондаанд, дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфта истодааст.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба сифати сохтмон ва санъати баланди меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда, ки бояд ба зебо гардидани симои шаҳру ноҳияҳо мусоидат карда, ба мардум садсолаҳо хизмат намоянд, аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Вакилони муҳтарам!
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Хотирнишон месозам, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин, ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти марбута ҷиҳати коҳиш додани содироти ашёи хом ва зиёд намудани содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бояд тадбирҳои судманд андешад.
Ҳамватанони азиз!
Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.
Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.
Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.
Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.
Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.
Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.
То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Дар ин ҷода бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (ё 1 миллиарду 150 миллион доллар) идома доранд.
То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 3,8 миллиард сомонӣ грант ба имзо расонида шуда, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад.
Аз ҷумла 17-уми декабри соли ҷорӣ Шӯрои директорони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар хусуси дар марҳалаи аввал ҷудо намудани 3,8 миллиард сомонӣ грант барои сохтмони неругоҳи «Роғун» қарор қабул кард.
Инчунин, аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар ҳаҷми 2,9 миллиард сомонӣ, Бонки исломии рушд 1,6 миллиард сомонӣ, Фонди Саудии рушд 1,1 миллиард сомонӣ, Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 272 миллион сомонӣ ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ 180 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд.
Барои таваҷҷуҳ ва ҳамкориҳо ба ҳамаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд миннатдории мардуми Тоҷикистонро баён менамоям.
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Бинобар ин, Сарвазири мамлакат, муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа, вазири энергетика ва захираҳои об, дигар вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун», ширкатҳои соҳа ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо вазифадоранд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти барқ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар робита ба ин, дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.
Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Соли 2024-ум таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.
Соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст.




