Close

Ҷаласаи ғайри навбатӣ дар Дастгоҳи Марказии КВД “МСКХСН” оид ба пешгирии сирояти COVID-19

сомона-1024x686 Ҷаласаи ғайри навбатӣ дар Дастгоҳи Марказии КВД "МСКХСН" оид ба пешгирии сирояти COVID-19cjvjyf-11-1024x768 Ҷаласаи ғайри навбатӣ дар Дастгоҳи Марказии КВД "МСКХСН" оид ба пешгирии сирояти COVID-19        Рӯзи 16 апрели соли 2020, бо намояндагони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино шаҳри Душанбе ва табиби сироятшиноси маркази саломатии шаҳрии №2 ҷаласаи ғайри навбатӣ дар Дастгоҳи Марказии КВД МСКХСН  оид ба пешгирии сирояти COVID-19 баргузор гардид.

      Нaмояндаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наботов Ш., ҷаласаро оғоз намуда қайд кард, ки аз моҳи декабри соли 2019 дар ҷумҳурии халқии Чин як намуд сироят ба номи COVID-19 ба қайд гирифта шуд, аз он дигар давлатҳо паҳн гардида истодааст, ки ба саломатии аҳолии рӯи замин таҳдид карда истода то ба имрӯз алакай зиёда аз 2 милион аҳолии рӯи замин мубталои он гашта, ҳудуди 130 ҳазор нафар ба ҳалокат дучор гардидаанд. Аз руи сироятноки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷаҳон дар моҳи феврали соли равон пондемияро эълон намуд. Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгири аз воридшавии ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Муваққатан манъ шудани рафту омад ба давлатҳое, ки нишонаҳои ин бемори дар онҳо ба қайд гирифта шудааст, ба Тоҷикистон овардани шаҳрвандони дар фурудгоҳҳо дармонда ва муҳлати 14 шабонаруз таҳти назорати табибон қарор гирифтани онҳо, инчунин барои ҳар эҳтимол омода кардани беморхонаҳо ва дар ҳолати омодабош қарор доштани онҳо аз  тадбирҳое мебошанд, ки танҳо ва махсусан барои пешгирии ин бемори андешида шудаанд.

    Ҳамзамон табиби сироятшинос Норова Ҳ., баромад намуда қайд кард, ки имрӯзҳо дар ҳамагуна расонаҳо оиди пешгири намудан, корҳои таблиғотӣ тарзи дуруст истифодабарии ниқобҳо, шустани дасту руйҳо ва истифодаи маводҳои антисептикӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар баромади худ Директори корхона Муминов Л., ёдрас намуданд, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди давлати барои мубориза бо сирояти COVID-19 ташкил дода шуд. Дар асоси Ситоди давлати ҳама вазорату идораҳо Ситод ва нақша чорабиниҳои худро ташкил намуданд. Бо супориши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ Ситод ва нақшачорабиниҳо оиди пешгири ин вабои аср ташкил намудааст, ки Директори корхона аъзои Ситод мебошанд.

 Барои пешгири намудани паҳншавии сирояти «Коронавирус» корхона бо ҶДММ “ФАВЗ” ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ Шартнома бастааст.

      Мутобиқи нақша чорабиниҳои тасдиқ гардида дар бинои Марказӣ ва утоқхои кории корхона аз тарафи намояндагони ҶДММ “ФАВЗ” мунтаззам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳамчунин барои тамоми филиалҳои минтақавӣ ва хонавагонҳои исгоҳҳои баркашии корхона маҳлулҳои зарури таёркарда, барои истифодабари фиристонда шуд. Тибқи супориши протоколии роҳбарияти корхона дар Дастгоҳи Марказӣ ва ҳамаи филиалҳои минтақавию истгоҳҳои баркашии корхона доруқуттӣ (аптечка) харидори намуда насб карда шудааст. 

 

 

         

        

                               

    

 

scroll to top