Ҳамасола рӯзи якуми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Дар тамоми саросари кишвар ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи дониш бо тамошои ссуханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пншвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва сулҳ оғоз гардид. Дар толори маҷлисгоҳи КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” низ Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки кормандон таввасути оинаи нилгун сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нахш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилали ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад.
Фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад.
РӮЗИ ДОНИШ МУБОРАК!




