Тибқи нақшаи таҳиягардида санаи 17 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар шаш моҳи соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – Ашурзода Фарух, Бобоев Зафар – сардори шуъбаи назирот ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обии ХДНТСН ва муовинони директори Корхонаи воҳиди давлатии “Марказии сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”, сармуҳандис, сардорони шуъбаву мудирони бахшҳо, роҳбарон ва муовинони филиалҳо иштирок доштанд.
Тамоми масъалаҳо ва мушкилоти соҳа баррасӣ гардида, баҳри бартараф ва сари вақт ҳаллу фасл намудани онҳо дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд. Нисбат ба фаъолияти соли қаблӣ нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ хубтар арзёбӣ гардида, баҳри боз ҳам нишон додани фаъолияти самаранок андешидани тамоми чораҳои зарурӣ таъкид гардид.
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Марказии сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар фаъолияти худ оид ба иљроиши вазифањои дар пеш гузошташуда, љињати сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонињои соњаи наќлиёт тамоми чорањои заруриро меандешад, то тамоми натиҷаҳои хуби кориро ба даст биоварад.
КВД “МСКХСН”








