Close

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ АМАЛИШАВИИ НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2023

Ҳамасола қабл аз ба анҷом расидани соли ҷорӣ Паёми Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.

Имсол санаи 23 декабр, дар толори Кохи Сомон ин чорабини муҳими сиёсӣ баргузор гардид, ки хурду бузурги кишвар тариқи оинаи нилгун дар корхонаву ташкилот, муассисаву идора, кумитаю вазоратҳо тамошо намуданд. ВАО ҷиҳати ба диққати оммаи халқ расонидани Паёми Пешвои миллат, ки аз ибтидо то интиҳо суханони воло, пурмазмун ва алабатта, ки пурманфиат буданд, кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ доданд.

Аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо иштироки директори корхона Саидзода С.С., муовинон, сардори шуъбаву мудирони бахшҳо, роҳбарон ва муовинони филиалҳои дар марказбуда Паёми имсолаи Пешвои миллатро дар толори маҷлисии корхона дастаҷамъона тамошо намуданд.

Бардошт ва таассуротҳо аз суханони Президенти мамлакат ҳар нафари хештаншиносро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарсатӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ тарбият намуда, баҳри самаранок истифода бурдан аз шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар водор месозад. Ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат барои зиндагии некуаҳволии халқ, паст намудани сатҳи камбизоатии мардум ва дар ҳар Паёми худ баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаҳои гуногун аз ҷониби Пешвои миллат худ як ғамхории ҳамаҷониба мебошад.

Дар соли 2023 таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нақшаву чорабиниҳои дар пешистодаро иҷро намуда, Паём ва тамоми суханони роҳбаландонаи Сарвари мамлакатро  сармашқи кори худ хоҳем кард.

КВД “МСКХСН”

Паём-300x200 ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ АМАЛИШАВИИ НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2023  IMG_4031-300x200 ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ АМАЛИШАВИИ НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2023

IMG_4032-300x200 ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ АМАЛИШАВИИ НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2023  IMG_4021-300x200 ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ АМАЛИШАВИИ НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2023

IMG_4029-300x200 ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ АМАЛИШАВИИ НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2023  IMG_4025-300x200 ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САРМАШҚИ АМАЛИШАВИИ НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2023

scroll to top