25-26 сентябр дар шаҳри Пекин Форуми глобалӣ оид ба нақлиёти устувор баргузор шуд, ки онро Вазорати нақлиёти ҶМЧ ва Маркази ҷаҳонии инноватсия ва дониш дар соҳаи нақлиёти устувор роҳандозӣ намуд.
Дар форум ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ширкат варзид.
Ҳамоиш, ки таҳти шиори «Нақлиёти устувор: логистика – пайвандгари ҷаҳон» баргузор шуд, ба таҳкими ҳамкории глобалӣ ва мусоидат ба рушди системаи бехатар, қулай, самаранок, экологӣ, иқтисодӣ, фарогир ва устувори нақлиёт равона карда шуд.
Дар доираи форум роҳбарон ва намояндагони мақомоти нақлиётӣ ва муассисаҳои марбут ба онҳо аз 26 кишвари ҷаҳон дар атрофи панҷ мавзӯи асосӣ мубодилаи афкор карданд: пайвастшавӣ, рушди умумӣ, рушди инноватсионӣ, рушди устувор ва идоракунии ҷаҳонӣ.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронии ифтитоҳии худ ба ҳамкасбони чинӣ барои даъват ва истиқболи самимии ҳайати мо изҳори сипос намуда, зикр кард, ки нақлиёт ва логистика дар рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши калидӣ дошта, ҳамкории боэътимод ва муассирро дар саросари ҷаҳон таъмин менамоянд.




